“Лейкерс” бо мағлуб кардани “Ню-Орлеан Пеликанс” ба финали мусобиқаи мавсимии NBA баромад

Имрӯз, 8-уми декабр бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байнимавсими NBA баргузор шуд, ки дар он “Лос-Анҷелес Лейкерс” ва “Ню-Орлеан Пеликанс” вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 133 бар 89 ба фоидаи дастаи “Лос-Анҷелес Лейкерс” анҷом ёфт.
Бозигари сермаҳсули вохӯрӣ ҳамлагари тими “Лейкерс” - Леброн Ҷеймс буд. Ӯ 30 имтиёз, 5 бозёфти тӯб ва 8 асситс дар ҳисоб дошт. Ҳамдастаи ӯ дар хати дифоъ - Остин Ривз 17 имтиёз, 5 бохёфти тӯб ва 7 партофт дошт. Ба ҷуз аз онҳо боз се бозигари даста тавонистанд ҳадди ақал 10 итмиёз ба даст оранд - Энтони Дэвис (16), Д'Анҷело Рассел (14) ва Руи Хатимура (12).
Бозингари сермаҳсул дар ҳайати “Ню-Орлеан Пеликанс” – дифоъгар Трей Мерфи III буд. Ӯ дар ҳисоб 14 имтиёз ба даст оварда, 2 бозёфти тӯб ва 1 ассист ҳам кард. Ҳамлагар Сион Уилямсон 13 имтиёз, 2 бозёфти тӯб ва 3 ассист дорад.
Ҳамин тариқ, “Лейкерс” ва “Индиана Пэйсерс” дар даври ниҳоии мусобиқаи мавсимӣ бо ҳам бозӣ мекунанд.