ЛФТ беҳтаринҳои июнро дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон маълум кард

Беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ маълум гаштанд.
Бозигари ҳайати ҷавонони “Ҳосилот” Абдуҷаббор Абдуалимзода, ки дар се аз чор вохӯриҳои дастааш дар моҳи июн беҳтарин бозигари рақобат эътироф шуда буд ва чор гол ба самар расонид, бозигари беҳтарини июн дониста мешавад.
Ҷоизаи “мураббии моҳ” бошад насиби сармураббии ҳайати ҷавонони “Истиқлол” Рустам Қурбонов мегардад. Даста зери роҳбарии ӯ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарашро мусовӣ анҷом дод.
Ҷоизадорони моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 000 (ду ҳазор) сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.