Ли Юэхун тиллои 20-ум Чинро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба даст оврад

Тирандоз Ли Юэхун медали 20-уми тиллоро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои Ҷумҳурии мардумии Чин ба даст овард.
Ли Юэхун дар сабқати тирандозӣ ба масофаи 25 метр аз таппонча бо 32 имтиёз дар Олимпиадаи Париж -2024 медали тилло гирифт.
Варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Чхо Ён Чэ бо натиҷаи 25 имтиёз соҳиби медали нуқра шуд. Тирандози дигар аз Чин Ван Синҷзе бо 23 имтиёз ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.
Ли Юэхуни 34-сола дар ин ришта медали сеюми касбашро ба даст овард. Вай дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро -2016 ва Токио -2020 ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфта буд.
Варзишгарони Чин то имрӯз дар Бозиҳои олимпии Париж-2024, 20 медали тилло, 15 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Дар ҷои дуюм дар ҷадвали ғайрирасмӣ мунтахаби ИМА (19−27−26) мебошад. Дар ҷои сеюм мизбони Бозиҳои олимпӣ, Фаронса (12−14−18) мавқеъ гирифтаанд.
Бозиҳои олимпии Париж-2024, тирпарронӣ ба масофаи 25 метр
1.Ли Юэхун (Чин)
2.Чхо Ён Чэ (Кореяи Ҷанубӣ)
3.Ван Синтсзе (Чин)