Лигаи баскетбол: “Душанбе” аз “Фойтун” пеш гузашт

Лигаи баскетбол: “Душанбе” аз “Фойтун” пеш гузашт

Пас аз натиҷагирии 6 даври Лигаи баскетболи Тоҷикистон дастаи “Душанбе” ба ҷои аввал баромад. Бозиҳои Лигаи баскетболи Тоҷикистон миёни 8 клуб дар шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбе ҷараён доранд.  Баскетболбозони клуби “Душанбе” 5 бозӣ анҷом дода, соҳиби 10 хол гардидаанд. Клуби баскетболи “Фойтун” бо 9 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. “Diesel Power” ва “Зуҳро” бо 8-холӣ дар ҷойҳои сеюми чоруми ҷадвал мавқеъ доранд. Бозиҳои даври ҳафтум 24 ноябр доир мегарданд. “Легендҳо” бо “DIS”, “Душанбе” бо “Беркут”, “Фойтун” бо “Зуҳро” ва “Diesel Power” бо “33” вомехуранд.

 ҶОЙ   КЛУБҲО   Б        Ғ       Б       М       Т/Т   Х   
 1  КБ "Душанбе"     5  5  0  0  526/237     10     
 2  КБ "Фойтун"  5  4  1  0  389/294  9  
 3  КБ "Diesel Power"      5  3  2  0  404/336  8  
 4  КБ "Зуҳро"  5  3  2  0  326/402  8  
 5  КБ "Легендҳо"  4  2  2  0  298/324  6  
 6  КБ "Беркут"  4  1  3  0  255/317  5  
 7  КБ "33"  4  0  4  0  225/347  4  
 8  КБ "DIS"
 4  0  4  0  180/346  4

Манбаъ: