Лигаи Чемпионҳо барои "Истиқлол" хотима ёфт

Лигаи Чемпионҳо барои "Истиқлол" хотима ёфт

Имрӯз, 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 1/8 финали Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Персеполис” баргузор шуд. Футболбозони мо рақобатро фаъол оғоз намуда, зуд-зуд бо ҳамлаҳои хатарнокашон ба дарвозаи эрониҳо хатар эҷот мекарданд. Ҳарчанд истиқлолиҳо дар қисми аввали имкони зиёди голзанӣ доштанд, аммо ин кор барояшон муяссар нашуд. Ҳамин тавр қисмати аввали нерусанҷӣ миёни “Истиқлол” ва “Персеполис” бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт. Пайти дуюми набард низ бо бартарии футболбозони тоҷик оғоз шуд. Қисми дуюми дидор низ ба хотимаи худ наздик буд, ки дар дақиқаи 90+1 Маҳди Торобӣ гол ба самар расонида, пирӯзии дастаашро таъмин кард. Ҳамин тавр «Персиполис» ба даври ¼ финал роҳ ёфту, «Истиклол» бо Лигаи Чемпионҳо видоъ кард.

Лигаи Чемпионҳои Осиё

Даври 1/8 ниҳоӣ

«Истиклол» - «Персиполис» - 0:1

Гол: Маҳди Торобӣ 90+1