Лигаи футзали Тоҷикистон пеш аз мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ ташкил кард
Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футзал, дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба ташкили бозиҳо барои комиссароне, ки имсол дар мусобиқоти Лигаи футзали Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард, баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи семинар директори генералии Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов аҳамияти нақши комиссаронро, ки дар ҷанбаҳои ташкилии бозиҳо масъуланд, таъкид кард. Ба гуфтаи Меликов, ҳадафи асосии семинар афзун кардани дониш, муҳокимаи талаботи асосӣ ва омодагии пурра барои оғози мавсим мебошад.
Семинарро директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, ки таҷрибаи васеи комиссарӣ дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футзали кишварро дорад, роҳбарӣ кард.
Дар семинари таълимӣ мавзӯъҳои асосӣ, аз ҷумла нақш, вазифаҳо ва масъулиятҳои комиссарони бозӣ муфассал баррасӣ шуданд.
Дар хотимаи машғулиятҳо иштирокчиён барои санҷиши дониши андӯхтаашон саволҳои тестӣ супориданд. Баъдан бо ҳам мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба мавсими ояндаро таҳррезӣ карданд.
Мавсими нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон 6 май оғоз мешавад.