Лигаи якум: Ба дастаи "Панҷшер" Ҷом ва медалҳои тилло супорида шуд!

Лигаи якум: Ба дастаи "Панҷшер" Ҷом ва медалҳои тилло супорида шуд!

Дирӯз, дар варзишгоҳи"Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум бо иштироки ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов баргузор гардид.

Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавсими имсолаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бидуни бохт ҷамъбаст кард ва бо 56 имтиёз қаҳрамони Лигаи якум дар соли 2023 гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома, Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар даври охири чемпионат дар майдони худ бо дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан рақобат намуд ва бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бо ҳамин бозингарони дастаи "Панҷшер" дар мавсими имсола натиҷаи олиро нишон доданд, яъне чемпионатро бидуни шикаст ҷамъбаст намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқоти имсолаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста доир гардид ва дастаи "Панҷшер" бо роҳбарии Фаррухӣ Ҳусейнзода ба ин дастовард ноил гардид.

Мавриди зикр аст, ки дастаҳои «Панҷшер» ва «Истаравшан», ки дар мусобиқоти имсолаи Лигаи аввал мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд, бар асоси дастури мусобиқот соли оянда дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ менамоянд.