Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: голборон дар даври ифтитоҳӣ!

Лигаи  якуми Тоҷикистон-2020: голборон дар даври ифтитоҳӣ!

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон бо иштироки 12 даста оғоз гардид. Дар шаш бозии даври ифтитоҳии мусобиқа 38 гол зада шуд, ки ба ҳисоби миёна 6,3 гол ба ҳар бозӣ рост меояд.

“Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ ба даврозаи “Шоҳмансур”-и Душанбе шаш голи беҷавоб зад. “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 6 бар 2 “Сароёкамар”-и Панҷро шикаст дод. “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 5 бар 4 “Ваҳдат”и Ваҳдатро мағлуб намуд. “Исфара” бар “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 4 бар 3 “Барқчӣ”-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2 бар 1 “Ҳосилот”-и Фархорро мағлуб карданд.

Ёдрас мешавем, ки мутобиқи Низомномаи баргузорӣ ду дастае ки дар ҷамъбасти мавсим ҷойҳои якуму дуюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон мешаванд.  

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Панҷшер» – «Шоҳмансур» – 6:0

Голҳо: Шавкат Худойназаров, 18 – аз пеналти (1:0). Насимҷон Мамадқулов, 31 (2:0). Сорбон Қурбонов, 42 (3:0). Хуршед Умуров, 48 (4:0). Насимҷон Мамадқулов, 77 (5:0). Тимур Ҳасанов, 81 – аз пеналти (6:0).

Огоҳонида шуданд: Зиёдулло Одинаев, Фарҳод Тоиров, Фирдавс Икромов («Шоҳмансур»).

Аз майдон хориҷ шуд: Зиёдулло Одинаев («Шоҳмансур»), 8 – барои таҳқири сардовари бозӣ, Ҳасан Холов («Панҷшер»), 44 – барои ҷиддӣ вайрон намудани қоидаи бозӣ.

Сардовар: Азам Буриев (Душанбе).

«Эсхата» – «Ваҳдат» – 5:4

Голҳо: Самардин Расулов, 3 (0:1). Умедҷон Одинаев, 45+2 (1:1). Умедҷон Азимов, 54 (1:2). Шайх Раҳмонов, 62 (1:3). Мубинҷон Муминов, 71 (2:3). Икром Каримҷонов, 73 (3:3). Мубинҷон Муминов, 76 (4:3). Умедҷон Азимов, 86 (4:4). Нарзулло Раҷабов, 90+4 (5:4).

Огоҳонида шуд: Боҳирҷон Сангинов («Эсхата»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Мубинҷон Муминов («Эсхата»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Саройкамар» – 6:2

Голҳо: Амирҷонии Фаррухзод, 24 (1:0). Далер Шомуродов, 35 – аз пеналти (2:0). Сафаралӣ Каримов, 38 (3:0). Амирҷони Фаррухзод, 42 (4:0). Саидхони Амрохон, 56 (5:0). Ҳасан Рустамов, 86 (6:0). Салим Давлатов, 88 (6:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 90+3 (6:2).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Амирҷонир Фаррухзод («Равшан»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

«Исфара» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:1

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 20 (0:1). Фирдавс Мусоев, 44 (1:1). Абдурахим Рахимов, 74 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Мусоев, Илҳом Иброҳимов («Исфара»), Азимҷон Мавлонов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Исроил Деҳқонов («Исфара»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

«Ҳосилот» – «Ҳулбук» – 2:3

Голҳо: Саидалӣ Сафаралӣ, 12 (1:0). Аваз Қамчинов, 32 – аз пеналти (1:1). Анӯшервони Қобилҷон, 54 (1:2). Аваз Қамчинов, 57 – аз пеналти (1:3). Тоҳирҷон Тағойзода, 82 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Исохӯҷа Раҳматов, Саидалӣ Сафаралӣ («Ҳосилот»), Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).

Аз майдон хориҷ шуд: Фаррух Сайдуллоев («Ҳосилот»), 58 – барои ҷиддӣ вайрон намудни қоидаи бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Зоирхон Холматов («Ҳулбук»).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

«Барқчӣ» – «Моҳир» – 3:4

Голҳо: Баҳровар Ҳалимов, 7 (0:1). Дилшод Тағоев, 11 (0:2). Файзиддин Назаров, 23 (1:2). Акмал Зулпалиев, 45 (1:3). Муҳаммадҷон Ризомов, 63 (2:3). Умедҷон Рамазонов, 79 (3:3). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 89 (3:4).

Огоҳонида шуданд: Ҳамзаҷон Аҳтамов («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шерзод Дадабоев («Барқчӣ»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

 

Дар даври дуюм вомехӯранд:

2 июл (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Моҳир»

«Саройкамар» – «Барқчӣ»

«Шоҳмансур» – «Эсхата»

3 июл (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Ҳулбук» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Ваҳдат» – «Ҳосилот»

«Исфара» – «Панҷшер»