Линетт ба финали мусобиқаи WTA-250 дар Гуанчжоу роҳ ёфт

Линетт ба финали мусобиқаи WTA-250 дар Гуанчжоу роҳ ёфт

Теннисбози лаҳистонӣ ракеткаи 27-уми ҷаҳон - Магда Линетт дар мусобиқаи WTA-250 дар Гуанчжоуи Чин ба финал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ теннисбоз дар ду сет бар ракеткаи 81-уми ҷаҳон аз Қазоқистон - Юлия Путинтсева пирӯз шуд.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 16 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:2, 6:3 ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ Магда Линетт бо ғолиби ҷуфти Гретйе Миннен аз Белгия ва Сиюй Ван аз Чин бозӣ мекунад.