Лингард бо “Сеул”-и Кореяи Ҷанубӣ шартнома баст

Собиқ ниммуҳофизатгари дастаи «Манчестер Юнайтед» ва тими миллии Англия - Ҷесси Лингард расман бо дастаи “Сеул”-и Кореяи Ҷанубӣ шартнома баст.
Шартномаи Лингард бо “Сеул” барои ду сол пешбинӣ шудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бозигари англиси 31-сола дар тими нав ҳафтае 17500 фунт маош мегирад.
Охирин дастаи Лингард ин “Ноттингем Форест” буд, ки тобистони соли гузашта ҳамчун агенти озод тарк карда буд. Пас аз ин, дар бораи интиқоли эҳтимолии ӯ ба “Вест Хэм” ё яке аз бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ хабар дода шуд, аммо футболбоз бидуни тим монд.
Лингард панҷумин бозигари англис дар таърихи чемпионати Кореяи Ҷанубӣ аст. “Сеул” мавсими охирини Лигаи К-ро дар ҷои ҳафтум ба анҷом расонида буд.