Лингард бозигари моҳ дар ПЛА

Лингард бозигари моҳ дар ПЛА

Ҷесси Лингард нимҳимоятгари “Манчестер Юнайтед”, ки ба таври иҷра дар дастаи “Вест Хэм Юнайтед” ҳунарнамоӣ мекунад, бозигари моҳ дар Премйер лигаи Англия гашт. Дар овоздиҳӣ футболбози 28 сола аз Трент Александр Арнолд (Ливерпул), Стюарт Даллас (Лид Юнайтед), Мэйсон Гринвуд (МЮ), Келечи Ихеаначо (Лестер), Матеус Перейра (Вест Бромвич), Аллан Сент-Максимен (Нюкасл Юнайтед) ва Крис Вуд (Бёрнли) пеш гузашт.

Дар моҳи апрел Лингард дар чемпионати Англия 4 бозӣ анҷом дода, ба задани 4 гол ва 1 партоби головар даст ёфтааст. Дар маҷмӯъ, ӯ дар 13 бозӣ 9 гол ва 3 ассист анҷом додааст.