Лионел Месси баъд аз рафтани Луис Суарес аз мунтахаби Уругвай гуфт

Лионел Месси баъд аз рафтани Луис Суарес аз мунтахаби Уругвай гуфт

Ҳамлагари мунтахаби  Уругвай эълон кард, ки фаъолияти футболбозияшро дар тими миллии кишвар анҷом мебахшад.

Ҳамдастаи Суарес дар «Интер Майами» Лионел Месси ҳам  дар саҳифаи  “Instagram”и худ дар ин маврид навишт:

"Шумо дар майдон ва берун аз он беназир ҳастед. Ман шуморо хеле дӯст медорам"

 Суарес дар ҳайати тими миллии Уругвай моҳи феврали соли 2007 дар бозии дӯстона баромад кард. Вай зуд ба як бозигари асосӣ табдил ёфт ва дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2010 ҳамроҳ бо Диего Форлан, сарвони дастааш нишонзани беҳтарин шуда буд.

Дар маҷмӯъ, Луис Суарес беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии Уругвай аст. Дар 142 бозӣ 69 гол задааст.

Дар 6 бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 Уругвай 13 имтиёз дорад ва пас аз Аргентина дар ҷои дувум қарор дорад.