Лионел Месси дар панҷгонаи гаронарзиштарин футболбозони MLS қарор гирифт
Пойгоҳи маъруфи Transfermarkt раддабандии навшудаи гаронарзиштарин футболбозони Лигаи бартари футболи ИМА ва Канада (MLS)-ро нашр кард. Ҳамлагари “Интер Майами” ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси ба панҷгонаи беҳтарин шомил гардида, арзиши бозории ӯ 15 миллион евро арзёбӣ шудааст.
Дар садри ин рӯйхат ҳамлагари бошгоҳи “Торонто” Ҷош Сарҷент ва бозигари “Синсиннати” Эвандер қарор гирифтаанд. Арзиши ҳарду футболбоз 16 миллион евро муайян шудааст.
Ғайр аз Месси, арзиши бозории Андерс Дрейер аз дастаи “Сан-Диего” ва Сон Ҳин Мин аз “Лос-Анҷелес” низ 15 миллион евроро ташкил медиҳад. Бо ҳамин онҳо дар қатори ситораҳои гаронарзиши мусобиқа ҷой гирифтаанд.
Лионел Месси аз соли 2023 дар ҳайати “Интер Майами” ҳунарнамоӣ мекунад ва ба яке аз чеҳраҳои асосии MLS табдил ёфтааст. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи амрикоӣ то охири соли 2028 амал мекунад.
Ситораи аргентинӣ дар мавсими ҷорӣ дар 16 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон баромада, 13 гол ба самар расонида ва 7 партофти головар анҷом додааст.
Раддабандии нави Transfermarkt бозгӯи он аст, ки рақобат дар MLS сол ба сол афзоиш ёфта, бозигарони сатҳи ҷаҳонӣ дар ин лига нақши муҳим мебозанд.