Лионел Месси ду рекорди таърихии Ҷоми ҷаҳонро такрор кард

Лионел Месси ду рекорди таърихии Ҷоми ҷаҳонро такрор кард

Мунтахаби Аргентина рақобати худро дар Чемпионати ҷаҳон-2026 бо пирӯзии боварибахш оғоз намуда, дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Алҷазоирро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод.

Қаҳрамони асосии ин вохӯрӣ капитани Аргентина Лионел Месси буд. Ситораи 38-солаи футболи ҷаҳон ҳар се голи дастаашро ба самар расонида, хет-трик анҷом дод ва ба пирӯзии қаҳрамони феълии ҷаҳон саҳми ҳалкунанда гузошт.

Месси голи дуюми худро дар дақиқаи 60-уми бозӣ ба самар расонд ва шумораи голҳояшро дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба 15 расонида, ба дастоварди ҳамлагари афсонавии Бразилия Роналдо баробар шуд. Баъдан бо голи сеюмаш ин нишондиҳандаро ба 16 гол расонд ва ба рекорди беҳтарин нишонзани таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон — собиқ ҳамлагари мунтахаби Олмон Мирослав Клозе баробар гардид.

Ҳоло Месси ва Клозе бо 16 голӣ беҳтарин нишонзанони таърихи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Илова бар ин, Лионел Месси боз як рекорди таърихиро соҳиб шуд. Ӯ дар синни 38 солу 357 рӯз ба куҳансолтарин футболбозе табдил ёфт, ки дар таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон хет-трик анҷом додааст. Пеш аз ин рекорд ба ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду тааллуқ дошт, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2018 дар бозӣ муқобили Испания дар синни 33 солу 130 рӯз се гол зада буд.

Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Аргентина таҳти роҳбарии Лионел Скалони бо се имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “J” қарор гирифт ва бори дигар собит сохт, ки яке аз довталабони асосии қаҳрамонӣ дар Чемпионати ҷаҳон-2026 мебошад.