Лионел Месси голи дӯстдоштаашро дар корномаи варзишиаш ба ёд овард
Ҳамлагари тими миллии Аргентина ва дастаи «Интер Майами» - Лионел Месси ба саволе посух дод, ки кадом голро дар корномаи варзишиаш дӯст медорад.
“Ман ҳамеша мегуфтам, ки голҳои муҳимтарин дар финали Лигаи Чемпионҳо ва дар финали Ҷоми Ҷаҳон зада мешаванд. Ман ҳамеша он голе, ки ба дарвозаи “Реал Мадрид”, вақте ки мо дар бозии Лигаи Чемпионҳо дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” онҳоро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда будем, дар ёд дорам.”
Ёдовар мешавем, ки ин бозӣ соли 2011 дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо баргузор шуда буд. Бозии аввал бо пирӯзии “Барселона” бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Қаблан, Месси ҳаштумин ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро дар корномаи футболбозиаш ба даст оварда буд. Ҳеҷ кас бештар аз ҳамлагари аргентинӣ барандаи "Тӯби тиллоӣ" нашудааст. Месси ин ҷоизаи бонуфузро солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019, 2021 ва 2023 гирифтааст.