Липартелиани бо Чемпионати ҷаҳон видоъ кард

Липартелиани бо Чемпионати ҷаҳон видоъ кард

Имрӯз, 11-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон рақобатҳои рӯзи 5-уми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳони ҷудо баргузор шудаистодаанд. Яке аз муддаиёни вазни -90кг Варлам Липартелиани пас аз аз ду пирӯзӣ дар даври ¼ ниҳоӣ аз намояндаи Сербия - Александр Кукол ноком шуда, аз идомаи сабқатҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2021 маҳрум шуд. Варлам Липартелиани ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои Олимпии Рио-2016, се карат қаҳрамони Masters, панҷ карат барандаи медали тиллои Grand Slam ва панҷ бори дигар соҳиби нишони тиллои Grand Prix мебошад. Ҳоло Варлам Липартелиани дар даври тасаллибахш бо Михаэл Коррели ҳолландӣ неру месанҷад. Дар финали вазни -100кг Александр Кукол бо ҷудочии португалӣ - Жорже Фонсека рақобат мекунад.