“Ливерпул” ғалабаи дуюмашро дар Лигаи Аврупо ба даст овард

“Ливерпул” ғалабаи дуюмашро дар Лигаи Аврупо ба даст овард

Рӯзи панҷшанбеи 5 –уми октябр бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо миёни дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва «Юнион Сен-Жилуа»-и Белгия баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Энфилд»-и шаҳри Ливерпули Англия бозӣ карданд. Бозиро ҳайати доварон бо сардории Мортен Крог аз Дания ҳакамӣ карданд.

Голи аввал дар дақиқаи 44-уми бозӣ зада шуд. Нимҳимоятгари ҳоландии “Ливерпул” - Райан Гравенберх гол зад. Ирсоли головарро ҳимоятгар Трент Александр-Арнолд ба Райан таъмин кард. Дар дақиқаи 90+2-юм Диого Жотаи португалӣ голи дуюми «Ливерпул»-ро зада, ғалабаи тимашро таъмин кард.

Дар ду даври аввали Лигаи Аврупо «Ливерпул» шаш хол ба даст овард. Даста дар ҷадвали гурӯҳи «Е» пешсаф аст. «Юнион» як хол дорад. Белгиягиҳо дар ҷои сеюм қарор доранд.