“Ливерпул” барои Александер Исак маблағи ҳангуфт ба “Нюкасл” пешниҳод кард

“Ливерпул” барои Александер Исак маблағи ҳангуфт ба “Нюкасл” пешниҳод кард

Дастаи “Ливерпул” барои ҷалби ҳамлагари асосии “Нюкасл Юнайтед” — Александер Исак пешниҳоди рекордӣ омода кардааст. Маблағи интизорӣ 120 миллион фунт стерлинг (қариб 140 миллион евро) арзёбӣ мешавад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, “мерсисайдҳо” омодаанд ин пешниҳодро ба роҳбарияти “Нюкасл” ироа намоянд. Дар айни замон, “Нюкасл” намехоҳад, ки Исакро ҳатто бо маблағи бузург фурӯшад.

Ёдовар мешавем, ки Александер Исак дар мавсими гузашта, дар ҳайати “Нюкасл” 34 бозӣ анҷом дода, 23 гол задааст.