“Ливерпул” барои Барколя беш аз 100 млн евро пешниҳод кард —Романо

“Ливерпул” барои Барколя беш аз 100 млн евро пешниҳод кард —Романо

Журналисти маъруфи итолиявӣ Фабрисио Романо дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод, ки бошгоҳҳои “Ливерпул” ва “Пари Сен-Жермен” музокироти расмиро дар бораи гузариши ҳамлагар Брэдли Барколя оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор тими англисӣ пешниҳоди аввалияи беш аз 100 миллион евроро ирсол кардааст, аммо ин маблағ айни замон аз талаботи парижиён хеле камтар аст.

Қайд карда мешавад, ки худи Барколя ба гузариш ба “Ливерпул” таваҷҷӯҳ дорад. Романо қаблан аз моҳи май ин хоҳиши бозигарро изҳор карда буд.

Мавсими гузашта ҳамлагари “ПСЖ” дар 49 бозӣ ширкат карда, муаллифи 13 гол ва ҳафт партофти голӣ шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 90 миллион евроро ташкил медиҳад.