“Ливерпул” бори аввал аз моҳи феврали соли 2023 дар майдони худ мағлуб шуд

“Ливерпул”  бори аввал аз моҳи феврали соли 2023 дар майдони худ мағлуб шуд

Бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Аврупо миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Аталанта” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Энфилд” дар ҳузури 59 004 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 3 ба фоидаи “Аталанта” анҷом ёфт.

То имрӯз, «Ливерпул» бори охир дар майдони худ 21-уми феврали соли 2023, вақте дар бозии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо аз «Реал Мадрид» бо ҳисоби 2 бар 5 мағлуб шуда буд.

Давраи шикастнопазири тими Юрген Клопп дар майдони худ 33 бозӣ буд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳои “Аталанта” ва “Ливерпул” рӯзи 18-уми апрел дар Бергамо баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе аст.