“Ливерпул” дар сафар аз “Галатасарай” мағлуб шуд
Бозии даври 2-юми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо анҷом ёфт, ки дар он “Галатасарай”-и Туркия бо “Ливерпул”-и Англия рӯбарӯ шуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “РАМС Парк”-и шаҳри Истанбул баргузор гардид. Ҳамчун довари асосӣ Клеман Тюрпен хидмат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 16-ум ҳисоби бозиро ҳамлагари дастаи “Галатасарай” Виктор Осимҳен кушод аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро боз намуд.
Дар даври оянда, “мерсисайдҳо” бо “Айнтрахт” рӯзи 22-юми октябр вомехӯранд. “Галатасарай” дар ҳамон рӯз бо “Будё-Глимт” қувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки финали мавсими ҷорӣ дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешт баргузор мегардад. Бозии ҳалкунанда 30-юми майи соли 2026 сурат хоҳад гирифт.