"Ливерпул"- и бузург дар пеши "Аталанта" оҷиз монд

"Ливерпул"- и  бузург дар пеши  "Аталанта" оҷиз монд

Дар идомаи бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо, дар гурӯҳи "D" дастаи "Ливерпул" дар майдони хонагии худ тими "Аталанта"-ро пешвоз гирифт. Бозии дастаҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 0:2 ба фоидаи "Аталанта" анҷом ёфт. Ҳарчанд дар қисми якуми бозӣ дастаҳо дар назди дарвозаи якдигар ҳолатҳои хавфнокро созмон медоданд, аммо ба ҳеҷ яки онҳо кушодани ҳисоб даст надод. Дар қисми дуюми рақобат, аниқтараш, дар дақиқаи 60-ум Йосип Иличич аз партофти Алехандро Гомес истифода бурда, дарвозаи "Ливерпул"-ро рахна сохт. Чаҳор дақиқаи баъди голи аввал футболбози дигари "Аталанта" – Робин Госенс маротибаи дуюм дарвозаи Алиссон Бекерро рахна карда, ҳисобро 0:2 кард. Ҳамин тавр, дастаи "Аталанта" дар сафар рақиби сарсахти худро ноком сохта, соҳиби 7 имтиёз гардид ва ба зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳ баромад. Шогирдони Клоп бо доштани 9 хол садрнишини гурӯҳ мебошанд.