“Ливерпул” нисбати ҳимоятгари “Барселона” таваҷҷӯҳ кардааст
Ҳимоягари бошгоҳи “Барселона” ва мунтахаби футболи Фаронса Жюл Кунде метавонад фаъолияти варзишии худро дар Премер-лигаи Англия идома диҳад. Тибқи иттилои нашрияи Daily Mail “Ливерпул” нисбати ин бозингар таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ арзиши гузариши ин футболбози фаронсавӣ метавонад тақрибан 80 миллион евро бошад.
Кунде аз тобистони соли 2022 дар “Барселона” бозӣ намуда, аз сафи “Севиля” ба ин тим пайваст. Ин мавсим Кунде дар ҳамаи мусобиқаҳо 35 бозӣ дар сафи "блаугранас" анҷом дода, се гол ва ду партофти голӣ ба омор гирифтааст. Сомонаи бонуфузи Transfermarkt арзиши бозории ин ҳимоятгари 27-солаи фаронсавиро 65 миллион евро арзёбӣ мекунад.