"Ливерпул" ҷойгузини Клоппро пайдо кард

"Ливерпул" ҷойгузини Клоппро пайдо кард

Стивен Ҷеррард, сармураббии кунунии дастаи "Рейнҷерс" метавонад "Ливерпул" -ро роҳбарӣ кунад. Ба иттилои The Mirror, роҳбарияти дастаи англисӣ ба он омодагӣ мебинад, ки мураббии феълии даста – Юрген Клопп пешниҳоди кор дар тими миллии Олмонро қабул мекунад. Мутахассис бо вуҷуди он ки дар "Энфилд" буданро дӯст медорад, ба эҳтимоли зиёд ба иваз кардани Йоахим Лёв дар тими миллӣ розӣ хоҳад шуд.

Хабар дода мешавад, ки роҳбарони "Ливерпул" корномаи Ҷеррардро дар дастаи "Рейнҷерс" фаъолона пайгирӣ мекунанд. Онҳо боварӣ доранд, ки мураббии ҷавони англис барои ба даст овардани вазифаи Клопп таҷрибаи кофӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷеррард дар «Ливерпул» ҳамчун футболбоз аз соли 1998 то соли 2015 бозӣ кардааст. Дар ҳайати даста, ӯ ду маротиба дар Ҷоми Англия ва Суперҷоми УЕФА ғолиб шуд, ҳамчунин, Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА-ро ба даст овардааст.