“Ливерпул” ва “Манчестер Сити” ба ҳам меоянд!
Бозии марказии даври 13-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои «Ливерпул» ва «Манчестер Сити» доир мегардад.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукӯҳи "Энфилд", рӯзи 1-уми декабр доир мешавад. Ин бозӣ метавонад, ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа нақши муҳим бозад.
Дар доираи бозиҳо дар Премйер-Лига дастаҳо бори 173-юм бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар ин бозиҳо 80 ғалаба ба фоидаи "Ливерпул" ва 46 ғалаба ба фоидаи "Манчестер Сити" аст. 46 бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.
Дар 2 бозие, ки мавсими гузашта, дастаҳо доштанд натиҷаи мусовии якхелаи 1:1 ба қайд гирифта шудааст. Охирон маротиба "Манчестер Сити" моҳи феврали соли 2021 дар "Энфилд" бо ҳисоби 4 бар 1 "Ливерпул"-ро шикаст дода буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷадвали мусобиқа ҳоло “Ливерпул” бо 31 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Манчестер Сити” ба антирекордҳо дар ҳама мусобиқаҳо идома дода, ҳоло бо 23 имтиёз дар зинаи дуюм аст.