Лоиқ Раҷабов пирӯз шуд, акнун барои 1 млн доллар мубориза мебарад

Лоиқ Раҷабов пирӯз шуд, акнун барои 1 млн доллар мубориза мебарад

Лоиқ Раҷабов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL рақиби русаш Ахмед Алиевро шикаст дод. Сабқати Раҷабов бо Алиев шоми 10-уми июн дар Амрико баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар раунди аввал дар 27 сония размкори доғистониро шикаст дод. Бо ин ғалаба Лоиқ Раҷабов ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад ва имкон пайдо мекунад, ки барои 1 миллион доллар муборизаро давом диҳад. Сабқати баъдии Лоиқ Раҷабов дар назар аст, ки моҳи август баргузор шавад.