“Локомотив” – “Истиқлол”. Дастаҳо пероҳанҳояшонро интихоб карданд

“Локомотив” – “Истиқлол”. Дастаҳо пероҳанҳояшонро интихоб карданд

Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Тошканд муайян карданд, ки дастаҳо бо ҳам дар даври интихобии Лигаи чемпионҳои АФК-2020 бо кадом пероҳанҳояшон бозӣ мекунанд.
Дар нишасти матбуотии қабл аз бозии “Истиқлол” ва “Локомотив” баъд аз баромади сармураббӣ ва бозингарони ҳарду даста комиссари ин дидор Асеп Сапутра (Индонезия) маҷлис баргузор кард, ки дар он намояндаҳои дастаҳо иштирок карда, аз омода будани худ ба бозӣ хабар доданд. Ҳамчунин дастаҳо муайян карданд, ки пагоҳ бо кадом пероҳанҳояшон бозӣ мекунанд. Ҳамин тавр муайян карда шуд, ки “Истиқлол” бо пероҳани сафед ва “Локомотив”-и Тошканд бо пероҳани сурх бозӣ мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки бозии ин дастаҳо 21-уми январ, соати 15:00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мегардад.

photo_2020-01-20_20-37-22.jpg