Лоренсо Музетти пас аз як аср барои Италия медали тиллои олимпиро аз намуди теннис соҳиб шуд

Лоренсо Музетти пас аз як аср барои Италия медали тиллои олимпиро аз намуди теннис соҳиб шуд

Ракеткаи 16-уми ҷаҳон Лоренсо Музетти барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 гардид. Ин медали Лорентсо Музетти барои Италия аввалин медали биринҷии олимпии тенниси мардонаро дар 100 соли охир ба даст овард.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм итолиёвӣ бо теннисбози канадагӣ Феликс Оже-Алиассиме қувваозмоӣ кард. Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 2 соату 17 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 1:6, 6:3 ба фоидаи Музетти анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ин медал барои тенниси Италия дар 100 сол аввалин медал буд. Бори охир Умберто де Модпурго соли 1924 медали биринҷиро дар Фаронса соҳиб шуда буд.