Луис Энрике ғалабаи шогирдонашро зидди “Барселона” шарҳ дод
Сармураббии дастаи “Пари Сен-Жермен” Луис Энрике пирӯзии дастаашро дар бозии даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо бар зидди “Барселона” (2:1) шарҳ дод.
“Бозӣ хуб гузашт. Вақте мебинӣ, ки ду даста бе бозии дағалона майдон меоянд, кӯшиш мекунанд футбол нишон диҳанд ва бо пасу комбинатсияҳо ба ҳамдигар фишор меоранд, бозӣ шавқовар мешавад. “Барселона” то голаш беҳтар буд, вале баъд аз он мо ба худ омадем ва Нуну Мендеш як лаҳзаи хеле зебо офарид. Дар қисми дуюм, ба фикри ман, бартарӣ бо мо буд”, — фишурдаи суханони Энрикеро нашрияи Marca иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки “Барселона” бозии навбатиро дар марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо муқобили “Олимпиакос” дар хона рӯзи 21-уми октябр доир мекунад.
Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа, дастаи “ПСЖ” рӯзи 22-юми октябр дар сафар бо тими “Байер”-и Леверкузен дидор анҷом медиҳад.