Луис Энрике бо “ПСЖ” бар “Барселона” –и Флик зафар ёфт

Луис Энрике бо “ПСЖ” бар “Барселона” –и Флик зафар ёфт

Дар даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Барселона” ва “ПСЖ” бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и Барселона баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “ПСЖ” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 19-уми бозӣ аз ҷониби Ферран Торрес ба фоидаи “Барселона” кушода шуд, ки паси головарро Маркус Рэшфорд анҷом дод. Дар дақиқаи 38-уми бозӣ аз паси головари Нуну Мендеш истифода намуда, ҳисобро Сенни Маюлу баробар намуд.

Голи ғалабаовари “ПСЖ”-ро дар дақиқаи 90-уми бозӣ Гонсалу Рамуш аз паси головари Ашраф Ҳакимӣ истифода намуда, ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки “Барселона” бозии навбатиро дар марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо муқобили “Олимпиакос” дар хона рӯзи 21-уми октябр доир мекунад.

Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа, дастаи “ПСЖ” рӯзи 22-юми октябр дар сафар бо тими “Байер”-и Леверкузен дидор анҷом медиҳад.