Луис Энрике бозигарони "ПСЖ"-ро таъқиб мекунад

Луис Энрике бозигарони "ПСЖ"-ро таъқиб мекунад
Сармураббии «ПСЖ» Луис Энрике нисбати футболбозони дастаи хеш корҳои таъқибиро ташкил кардааст, иттилоъ медиҳад AS бо такя ба маълумоти L’Équipe.

Бино ба хабарҳои сарчашма Энрике ёвари хешро ба марказҳои дилхушии шаҳри Париж фиристонидаст то муайян кунад, ки футболбозони ӯ махфиёна ба ин марказҳо ташриф меоранд ё на. Ҳамчунин ин корманд баҳри тафтиши саҳифаи футболбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъул мебошад, то назорат кунад, ки нафарони наздик ба футболбозон ба онҳо таъсироти манфӣ нарасонанд.

Дар баробари ин, Энрике дар даста системаи ҳатмии сабти номшавӣ дар базаи тамриниро роҳандозӣ кардааст.

Қайд карда мешавад, ки риояшавии интизом аз ҷониби бозигарон таҳти роҳбарии Энрике яке аз принсипҳои асосии кории ин мураббӣ дониста мешуд.