Луис Суарес ба тими миллии Уругвай бармегардад

Луис Суарес ба тими миллии Уругвай бармегардад

Ҳамлагари дастаи «Гремио»- и Бразилия – Луис Суарес ба ҳайати мунтахаби Уругвай барои баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳонии футбол - 2026 даъват шудааст.

Сармураббии тими миллии Уругвай - Марсело Бйелса барои бозиҳо бо Аргентина рӯзи 17-уми ноябр ва Боливия рӯзи 21-уми ноябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии футбол - 2026 Суаресро ба ҳайати тими мунтахаб шомил кардааст.

Ёдовар мешавем, ки бори охир Суарес ба тими миллии кишвар барои бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2022 даъват шуда буд. Ӯ дуюмин нишонзан дар таърихи мусобиқоти интихобӣ дар Амрикои Ҷанубӣ аст. Лионел Месси бо 31 гол дар зинаи аввал ва Суарес бо 29 гол дар мавқеи дуюм меистад.

Суареси 36-сола голзани беҳтарини «Гремио» дар чемпионати Бразилия мебошад. Луис дар 29 бозӣ 14 гол ва инчунин 10 партофти головар дар ҳисоб дорад.