Луис Суарес нияти тамдиди шартнома бо “Интер Майами”-ро надорад

Ҳамлагари таҷрибадори уругвайӣ аз дастаи “Интер Майами” — Луис Суарес қасд надорад, ки шартномаи нави худро бо ин дастаи амрикоӣ тамдид кунад.
Тавре ки нашрияи AS хабар медиҳад, футболбози 38-солаи уругвайӣ ният надорад, ки шартномаи худро бо дастаи шаҳри Майами дароз кунад. Эҳтимол аст, ки Суарес пас аз тарк кардани “Интер Майами” ба фаъолияти бозигариаш хотима диҳад.
Шартномаи феълӣ бо даста то моҳи декабри соли 2025 амал мекунад. Қобили зикр аст, ки дигар ҳамлагари номдори қораи Амрикои Ҷанубӣ, яъне Лионел Месси метавонад шартномаи худро бо “Интер Майами” тамдид намояд.
Ёдрас мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Луис Суарес дар чемпионати мунтазами MLS дар ҳайати “Интер Майами” 13 бозӣ анҷом дода, 5 гол зада ва 7 паси головар додааст. Қабл аз ин, уругваӣ дар дастаҳои “Гремио”, “Насйонал”, “Барселона”, “Ливерпул”, “Атлетико” ва дигар дастаҳо бозӣ карда буд.