Луиш Каштру дар мавриди бозии Роналду дар “Ал-Наср” ҳарф зад!

Луиш Каштру дар мавриди бозии Роналду дар “Ал-Наср” ҳарф зад!

Сармураббии дастаи «Ал-Наср» - Луиш Каштру дар бораи бозии ҳамлагар Криштиану Роналду дар мавсими имсола дар ҳайати тим ибрози назар кард.

«Шумо медонед, ки ӯ чӣ гуна инсони футболдӯстор аст. Ҳар рӯз ӯ ба футбол таваҷҷӯҳ мекунад. Ӯ дорои қувваест, ки ба шариконаш хеле сирояткунанда аст. Тарзи коре, ки ӯ дар барқарорсозӣ ҳар рӯз кор мекунад, чизи афсонавӣ аст. Роналду капитани мост, зеро ҳар сония кор мекунад ва ба футбол ва ҳамдастаҳояш чизҳои зиёде медиҳад. Мо бо Роналду ва дастаамон ин мавсим барои ҳама ҷоизаҳо талош меварзем!”-фишурдаи суханҳои Каштруро нашрияи A Bola иқтибос овардааст.

Ёловар мешавем, ки дастаи “Ал-Наср” бо Роналду ва Каштру ин мавсим аллакай қаҳрамони Ҷоми миллатҳои араб гардиданд. Лек даста дар оғози мавсими нави чемпионати Арабистони Саудӣ ду бозии аввалро бохт. Имрӯз бошад, дастаи “Ал-Наср” дар бозии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои Осиё бо тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” бозӣ мекунад. Роналду дар ин бозӣ ба майдон баромада, аввалин бозиашро дар Лигаи Чемпионҳои Осиё доир мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки португалии 38-сола моҳи декабри соли 2022 ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ гузашт ва шартномаи 2,5 соларо ба имзо расонид.