Лукаку ба “Челси” иқбол овард

Лукаку ба “Челси” иқбол овард

Дастаи “Челси”-и Англия дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, дар гурӯҳи “Н” бо дастаи “Зенит”-и Русия вориди майдони рақобат шуд. Дидори дастаҳо дар майдони “Стемфорд Бриҷ”-и шаҳри Лондон сурат гирифт. Тақдири ин рақобатро голи ягонаи ҳамлагари мизбонон – Ромелу Лукаку ҳаллу фасл намуд. Дар дақиқаи 69-уми бозӣ Лукаку аз паси Аспиликуэта истифода бурда, дарвозаи русҳоро рахна сохт. Ҳамин тавр, шогирдони Томас Тухел бо ҳисоби минималии 1:0 рақиби худро мувоҷеҳи шикаст намуда, се имтиёз ба даст оварданд ва дар зинаи дуюми гурӯҳи “Н” мавқеъ гирифтанд. Садрнишини ин гурӯҳ дастаи “Ювентус” мебошад. Туриниҳо дар бозӣ бар муқобили “Малмё” бо се голи беҷавоби худ пирӯзӣ ба даст оварданд.