Мӯҳлати шартномаи ситоди мураббиёни “Истиқлол” ба поён расид

Мӯҳлати  шартномаи ситоди мураббиёни “Истиқлол”  ба поён расид

Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи футболи «Истиқлол» ва ситоди мураббиёни даста ба анҷом расид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ситоди мураббиёни бошгоҳ таҳти роҳбарии сармураббии даста Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаҳои ба охир расидаро тамдид накунанд.

Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Алишер Тухтаев  ва табиби реабилитолог Лилия Сидоркина дастаро тарк намуданд.

Игор Черевченко ва ёваронаш моҳи январи соли гузашта  дар клуби футболи «Истиқлол» фаъолияти худро оғоз карда, дар ин муддат соҳиби унвони қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон гардиданд.

Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба тамоми ҳайати мураббиён  барои заҳматҳои  анҷомдодаашон аз самими қалб изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд.