Маҷидов аввалин бор дар Бозиҳои Олимпӣ иштирок мекунад

Ҷаҳонгир Маҷидов намояндаи Тоҷикистон аз риштаи ҷудо зери вазни то 100 кг дар Олимпиадаи Париж -2024 аст.
Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ, ки имсол дар пойтахти Фаронса – Париж - баргузор мешавад, дар риштаи ҷудо дар вазни то 100 кило Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.
Ҷаҳонгир тариқи квота роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж -2024 -ро ба даст овард. Маҷидов, ки дар феҳристи инфиродии олимпӣ дар байни варзишгарони вазнашон то 100 кило бо 1850 имтиёз дар ҷойи 32-юм қарор дорад, соҳиби квотаи қитъавӣ (Continental quota) гардид. Дар ин феҳрист квотаи қитъавии Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки дар вазни то 60 кило бо 2034 имтиёз дар ҷойи 31-ум аст, бо сабаби ба меъёрҳо мувофиқат накардан бекор шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола давоми чанд моҳи охир барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Гранд - Слами Душанбе шуда, мақоми ҳафтуми рақобатҳои Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир бори аввал дар Бозиҳои Олимпӣ ширкат меварзад ва мо ба ӯ барори комёбӣ таманно мекунем!