Маҷидов аввалин медалашро дар мусобиқаҳои Grand Prix ба даст овард
Дар рӯзи охири мусобиқаи Qingdao Grand Prix 2025 дар Чин кишвари моро Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд. Маҷидов медали биринҷӣ гирифту, Киселёва дар аввалин рақобат ноком гардид.
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муқобили Ким Ҳансу аз Кореяи Ҷанубӣ ва дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар Макс Грегори аз Британияи Кабир зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Маҷидов бо намояндаи Маҷористон Вег Зсомбор гӯштин гирифта, мағлуб шуд ва ба барои медали биринҷӣ муборизаро идома дод.
Дар мубориза барои медали биринҷӣ Ҷаҳонгир бар намояндаи Лаҳистон - Мичал Ҷедрзеҷевски бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард. Ин аввалин медали биринҷӣ барои Маҷидов дар мусобиқаҳои Grand Prix маҳсуб мешавад.
Намояндаи дигари кишвари мо Виктория Киселёва (+78 кг) дар даври аввали мусобиқаи Qingdao Grand Prix 2025 мағлуби ҷудокори чинӣ Шаоҳан Сун шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон мусобиқаи Qingdao Grand Prix 2025 –ро бо 2 медал ба анҷом расонид. Обид Ҷебов дар вазни 66 кг соҳиби медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг мақоми 5-умро касб намуд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг мақоми 7-умро ишғол намуданд. Меҳрзод Суфиев дар вазни 60 кг, Александра Кан дар вазни 57 кг, Абубакр Шеров дар вазни 73 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг дар рақобатҳои аввал ноком гардиданд.