Мақоми 7-уми Мавлуда Одинаева дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022
Имрӯз дар риштаи ҷудо дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 варзишгари тоҷик Мавлуда Одинаева зери вазни то 63 кг мақоми 7-умро касб кард.
Мавлуда Одинаева дар даври аввал бар ҷудокори Индонезия - Сйерина Сйерина ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Одинаева аз Ҷинг Танги мизбон бо имтиёзи иппон мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар сурати пирӯзӣ дар даври тасаллобахш Одинаева метавонист барои нишони биринҷӣ рақобатро идома диҳад, лек ӯ аз Адина Кочконбаеваи қирғиз бо 2 имтиёзи вазарӣ ноком шуда, мақоми 7-умро ишғол кард.
Намояндаи дигари кишвар аз риштаи ҷудо миёни бонувон Фазилат Гулбоева (-57 кг) дар давр аввали Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу -2022 аз Севара Нишонбоеваи қазоқ мағлуб шуда, аз идома мусобиқа бенасиб монд.
Дирӯз, дигар бонувони ҷудокори тоҷик Мадина Қурбонзода (-48 кг) дар даври аввал аз Хайкёнг Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд ва Аҳлия Муминова (-52 кг) дар даври аввал бар намояндаи Туркманистон – Сайёра Розиева зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Диёра Келдиёроваи ӯзбек мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт ва он ҷо аз Галия Тюнбоеваи қазоқ мағлуб шуда, мақоми 7-умро касб кард.
Ҳамин тавр, бонувони ҷудокори тоҷик бо 2 мақоми 7-ум Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 –ро ба анҷом расониданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунад.