Маҳрез ҳамдастаи Бензема ва Канте мешавад
Ҳамлагари дастаи “Манчестер Сити” – Рияд Маҳрез омодааст, ки дастаашро дар равзанаи гузариши тобистона нав кунад. Ҳоло Маҳрез бо дастаи «Ал-Иттиҳод» гуфтушунид дорад то ба ҳайати ин тим шомил шавад. Бошгоҳи Арабистони Саудӣ ба ӯ солона 50 миллион евро пешниҳод кардаас. Дар ин бора Sky Sports хабар додааст.
Ба иттилои Sky Sports, футболбози алҷазоирӣ ин пешниҳодро пазируфт. Созиш метавонад ба зудӣ баста шавад.
Маблағи интиқол хабар дода нашудааст. "Манчестер Сити" омодааст, ки аз ин футболбоз ҷудо шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи “Ал-Иттиҳод” ин мавсим қаҳрамони чемпионати Арабистони Саудӣ гардид. Ҳамчунин, даста ҳамлагари “Реал Мадрид” – Карим Бензема ва ниммуҳофизатгари дастаи “Челси” – Н’голо Кантеро ба ҳайати даста шомил кард.
Маҳрези 32-сола дар мавсими гузашта, дар ҳайати дастаи “Манчестер Сити” дар 47 бозӣ ширкат карда, 15 гол ва 13 партофти головар кардааст. Ӯ ҳамчунин бо даста , ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Премйер-Лига ва Ҷоми Англия гардид. Қаблан, Маҳрез дар ҳайати дастаи “Лестер Сити” баромад мекард.