Мабатшоев ва Тухтаев беҳтарин бозигар ва мураббии моҳи сентябр эътироф гардиданд

Мабатшоев ва Тухтаев беҳтарин бозигар ва мураббии моҳи сентябр эътироф гардиданд

Ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев ва сармураббии бошгоҳи шаҳри Турсунзода Алишер Тухтаев беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи сентябр дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ-2025 дониста шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Лигаи олии футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Моҳи гузашта ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев дар се бозӣ, аз ҷумла, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 муқобили «Эсхата» (5:0) се гол зада, беҳтарин бозигар дониста шуд.

Моҳи сентябр «Регар ТадАЗ» бо роҳбарии Алишер Тухтаев чаҳор вохӯрӣ анҷом дод. Футболбозони Турсунзода дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми кишвар пирӯз шуда, дар чемпионати Тоҷикистон-2025 низ Истаравшан (4:2) ва «Хуҷанд»-ро (1:0) шикаст дод.

Беҳтарин бозигар ва мураббии моҳи сентябр дар чемпионати Тоҷикистон-2025 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷадвали Лигаи олӣ пас аз даври 18-ум дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар бо 36 имтиёз пешсаф мебошад. “Регар-ТадАЗ” бо 25 имтиёз дар зинаи 5-ум аст.

Рӯзи 5-уми октябр дастаҳои “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” бозии мавқуфмондаи даври 14-уми Лигаи олиро дар варзишгоҳи “Талко-Арена” доир мекунанд.