Мадина ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Мадина ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Имрӯз дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо оғоз гардид. Тоҷикистонро 4 ҷудокор Рошид Неъматов (-73 кг), Бобоҷон Шаропов (-73 кг), Абубакр Абдуҷалилзода (-81 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) миёни наврасон дар ин мусобиқа намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа гурдофариди тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар даври аввал озод буда, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо боварии ба худ хос бар Самира Джарова аз Қирғизистон  зафар ёфта,  ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар марҳилаи нимниҳоӣ Мадина бо намояндаи Ҳиндустон - Чаудхари Дхруви Дахябхай гӯштин мегирад. Дар сурати ба финал роҳ ёфтан Мадина бо ғолиби ҷуфти Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистон ва Жанайим Маратбек аз Қазоқистон нерӯ месанҷад. Дар вазни 52 кг, 12 ҷудокор баромад доранд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо рӯзҳои 11-ум ва 12-уми сентябр баргузор мегардад. 3 намояндаи дигари Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр рӯи татамӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Миёни ҷавонон дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 10 нафар намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа рӯзҳои 13-ум ва 14-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 196 ҷудокор аз 21 кишвар ва миёни ҷавонон 198 ҷудокор аз 20 кишвар ширкат мекунанд.