Мадина Фозилова аввалин тоҷикбонуе, ки кишварро дар Аврупо муаррифӣ мекунад

Мадина Фозилова аввалин тоҷикбонуе, ки кишварро дар Аврупо муаррифӣ мекунад

Мадина Фозилова собиқ ҳамлавари бошгоҳи «Зебонисо» ва ҳоло сарвони тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон эҳтимол аст, ки фаъолияти футболбозии хешро дар Чемпионати Гурҷистон идома диҳад. Ба гуфтаи худи Мадина ҳоло гузариши мазкур дар марҳилаи анҷомёбист.

«Ҳоло гуфтушунид байни ман ва роҳбарияти дастаи “WFC Nike” идома дорад. Бояд, ки то охири ҳафта гузариши ман ба дастаи мазкур сурат бигирад», - гуфт Мадина Фозилова дар суҳбат бо сомонаи ТВ “Варзиш.

Хотиррасон мекунем, ки Мадина Фозилова нахустин бонуе дар таърихи футболи тоҷик мешавад, ки футболи моро дар Аврупо муаррифӣ мекунад. Ногуфта намонад, ки дастаи нави Мадина Фозилова дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо байни бонувон ҳунарнамоӣ мекунад.