Мадина Фозилова: Суханҳои Пешвои Миллат ба футболбозон руҳияи нав бахшид

Мадина Фозилова: Суханҳои Пешвои Миллат ба футболбозон руҳияи нав бахшид

Имрӯз, дар пешорӯи бозии тақдирсози дастаи яккачини Тоҷикистон бо урдун дар даври ¼ ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо капитани дастаи бонувони Тоҷикистон оид ба футбол мадина Фозилова суҳбате оростем. Мадина Фозилова 1-майи соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дастпарвари дастаи “Парасту”-и Душанбе аст. Таҷрибаи бозӣ дар бошгоҳҳи хориҷ аз кишварро ҳам дорад. Мадина ҳоло дар ИМА қарор дорад ва хостем каме бо ӯ ҳамсуҳбат шавем.

Мадина, салом. Дар муҳоҷират чи ҳолу аҳвол доред?

Салом, дар муҳоҷират Худоро шукр ҳолу аҳволам хуб аст, вале Ватанро ҳамеша ёд мекунам.

Бо кадом мақсад ба Амрико рафтед? Варзишӣ, кор ё сайёҳат?

Аз аввал мақсади омаданам ба Амрико сайёҳат буд. Дар инҷо хоҳарбузурги ман бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад. Онҳоро тӯли 2-3 сол надида будам. Муҳаббати онҳо маро ба инҷо овард.

 Дур будан аз Ватан мушкил аст?

Бале аз Ватан дур будан мушкил ҳаст, зеро ҳамеша ватан ва ёру дӯстонро ёд мекунам. Фикр мекунам онҳое, ки дур азТоҷикистон ҳастанд, ин чизро дарк мекунанд. Ҳар куҷое бошам вале дилам бо Ватан аст.


 Ин шабу рӯз тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 баромад дорад. Кадом бозиҳоро дидед ва кадомаш бештар ба Шумо писанд омад?

Дастаи яккачин ва миллии Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 ҳамаи бозиҳояшро тамошо карда, мухлиси мекунам , ба ман ҳамаи бозиҳояшон писанд аст, махсусан вохӯрӣ бо Лубнону Имороти Муттаҳидаи Араб хеле хуб буд. Ҳам аз ҷиҳати сатҳ ва ҳам аз ҷиҳати интизоми бозӣ бачаҳои мо хеле қавӣ буданд.

Ба фикри Шумо чӣ боис шуд, ки дастаи мо то ба ин марҳила расид?

Сабаб Ба фикри шахсии ман авал дастгирии хуби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тими миллӣ, сабаби дуюм, футболбозоне, ки дар дастаҳои хориҷа бисёр бозӣ намуда истодаанд. Ин аз ҷиҳати касб кардани таҷриба бисёр муфид аст. Ғайр аз ин, тарсу ҳаросро дар футболбозони мо намебинед, нақши мураббиёни даста ҳам хеле олӣ аст. Ногуфта намонад, ки вохӯрри Пешвои Миллат бо ҳайати даста ба футболбозонамон руҳияю илҳоми нав бахшид. Бубинед, баъди ин мулоқот бозии дастаи мо чӣгуна пеш меравад. Умедворем, роҳи дастаи мо тӯлонӣ хоҳад буд.

 Қабл аз мусобиқа бовар доштед, ки тими миллиамон ба плей-оффи мусобиқа мебарояд?

Рости гап, пеш аз мусобика бовариам кам буд, лекин бади ду рақобат дар гуруҳ, ки мо як хол доштем ва дар пешорӯи дидори тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ суханҳои муҳими ватандориро гуфтанд, бозӣ дигар шуду боварии ман ҳам дигар шуд. Ҳаммаи мо акнун орзӯ мекунем, ки тими мо аз ин беҳатр ба даст орад.


Бозии кадоме аз футболбоз бароятон писанд омад?

Дар дастаи яккачини мо қариб, ки футболбозон аз ҳамдигар фарқияти калон надоранд. Ба назари ман ҳаммаи бозингарон дар як сатҳ ҳунарнамоӣ карда истодаанд. Ҳар футболбозе, ки дар майдон мебинед, сар карда аз дарвозабон то ҳимоятгару, нимҳимоятгар ва ҳамлагарон аз ӯҳдаи вазифаҳои худ баромада истодаанд. Ҳаммаи онҳо барои ман беҳтаринанд.

Дар мавриди бозии Тоҷикистон ва Урдун чӣ фикр доред? Ва тими мо то куҷо метавонад роҳашро идома диҳад?

Дар мавриди бозӣ бо Урдун ман фикр мекунам, ки бачаҳои мо агар бо ҳамун хоҳиш ва сабки пешинаи худ бозӣ кунанд дар муқобили Урдун пирӯзӣ ба даст меоранд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар сурати ғалаба тими мо то ба финал равад. Бубинед, баъди ин қадар натиҷа ва бозии зебо тамоми дастаҳои дигар аз мо ҳарос доранд. Футболбозони мо коре карданд, ки бисёри дастаҳои ҳариф боварӣ надоштанд. Ҳатто, баъзе дастаҳо дар бораи сабку услуби бозии Тоҷикистон маълумот надошт. Акнун бо шарофати бозии муҷаллои даста ҳамагон аз футболи мо ҳам огаҳӣ пайдо карданд.

Чӣ пешгӯи доред дар бораи ин вохӯрӣ?

Агар дақиқтар гӯям, фикр мекунам бозӣ то силсилазарбаҳои 11-метра меравад ва баъд дастаи мо ғалаба мекунад. Ман бовари дорам, ки тими миллии Тоҷикистон то даври ниминиҳоӣ роҳ ёфта барои рафтан ба даври ниҳоӣ мубориза мебарад.

Ҳоло тими бонувони кишварамон дар Ҷоми CAFA баромад мекунад. Шумо даъват шудед ё на?

Бале, тими миллии бонувони кишвар дар мусобиқаи CAFA иштирок мекунад ва маро ба ин мусобиқа даъват карданд, вале бо сабаби он, ки дар Амрико ҳастаму баъзе масъалаҳои ҳуҷҷатнигориро пеш мебарам, дар ин мусобиқа наметавонам иштирок намоям. Дар мусобиқаҳои оянда ҳатман кӯшиш мекунам, ки ба дастаи яккачини бонувон кӯмак расонам.

Дар Амрико ягон пешниҳоди бозӣ ба дигар дастаҳо буданд?

Бале, дар Амрико, аз лигаи бонувон як пешниҳод дорам, насиб рӯзҳои наздик ба машқу тамринҳои даста пайваст мешавам.


Дар оянда худро ба ҳайси чӣ дидан мехоҳед, тоҷир, мураббӣ ё ягон касби дигар?

Ман дар оянда худамро дар соҳаи варзиш футбол мебинам. Албатта, ки мурабии футбол!

Ба Шумо дар корҳои оянда барор таманно мекунем.

Тоҷикистон ба пеш! 

Суҳбаторо: Бобо Холмуродзода