Магнес Аклиуш метавонад, ки “Монако”-ро бо “Манчестер Сити” иваз кунад

Магнес Аклиуш метавонад, ки “Монако”-ро бо “Манчестер Сити” иваз кунад

Ҳамлагари дастаи “Монако” Магнес Аклиуш метавонад фаъолияти худро дар бошгоҳи “Манчестер Сити” идома диҳад. Дар ин бора нашрияи L'Équipe хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Манчестер ба ин бозигари 23-сола таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

Ҳамчунин, дастаҳои “Тоттенҳэм”, “Байер”- Леверкузен ва “ПСЖ” низ фаъолияти ин бозигарро назорат мекунанд.

Тими “Монако” омодааст, ки аз ин бозигар ҷудо шавад, аммо нақша дорад, ки аз фурӯши ин истеъдоди ҷавон ҳадди аққал 70 миллион евро ба даст орад.

Ёдовар мешавем, ки Аклиуш дар 19 бозии ин мавсим се гол зада, чор партофти головар анҷом додааст. Шартномаи кунунии бозигар то тобистони соли 2028 эътибор дорад.