Магнус Карлсен - ғолиби марҳилаи дуюми Grand Chess Tour

Магнус Карлсен - ғолиби марҳилаи дуюми Grand Chess Tour

Шоҳмотбозон дар навъи сабқатҳои рапид ва блис (зудбозӣ) байни ҳам рақобат намуданд.

Марҳилаи дуюми сабқатҳои Grand Chess Tour - Suberbet Rapid and Blitz Poland - рӯзи 25-уми май дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон (Полша) анҷом ёфт. Ғолиби мусобиқа собиқ қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсен дониста шуд. Шоҳмотбози норвегӣ даври "тезкор"-ро бо мавқеъгирӣ дар нимаи ҷадвали мусобиқа анҷом дод, аммо баъдан аз рақибони асосии хеш дар сабқатҳои блис пеш гузашт. Ғолиби сабқатҳо 24 хол ба даст овард.

Ҷоизадори медали нуқра Ян-Кшиштоф Дуда аз Карлсен дар ҷадвал ба андозаи 1 хол ақиб монд. 21,5 холӣ бошад  Уэсли Со ва Максим Вашйе-Лаграв ба даст оварданд.  

Мавқеъгирии ҷамъбастии шоҳмотбозон дар ҷадвал (рапид + блис):

1. Магнус Карлсен - 24 хол,

2. Ян-Кшиштоф Дуда - 23,

3-4. Уэсли Со, Максим Вашье-Лаграв - 21,5 холӣ,

5. Левон Аронян - 20,5 хол,

6. Рихард Раппорт - 18,

7. Аниш Гири - 15,

8. Кирилл Шевченко - 13,

9. Богдан-Даньел Дяк - 12,5,

10. Радослав Войташек - 11 хол.

Марҳилаи навбатии Grand Chess Tour аз 3-юм то 10-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия доир мегардад.