Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Санкт-Петербург соҳиби медали тилло шуд
Дар шаҳри Санкт-Петербург Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-до баргузор гардид, ки дар он ду нафар варзишгари тоҷик — Махсатулло Муъминов ва Исо Яҳёев иштирок намуданд.
Дар вазни то 57 кг варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов бо ҳунарнамоии баланд бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз 8 кишвар баргузор шуд ва сатҳи рақобат хеле баланд арзёбӣ гардид.
Ба гуфтаи масъулин, ин натиҷаи варзишгар барои мактаби каратэ-дои Тоҷикистон дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад. Ғолибият ва малакаи баландии Махсатулло Муъминов нишон дод, ки варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қобили рақобат мебошанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки давоми соли ҷорӣ варзишгарони Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон дар як қатор мусобиқаҳои дигари байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард ва барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар омодагии ҷиддӣ мебинанд. Ин ғалаба боиси илҳоми варзишгарони наврас ва ҷавонон низ мегардад ва саҳми каратэ-дои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мекунад.