«Манчестер Сити» «Арсенал»-ро ба додгоҳ мекашад

«Манчестер Сити» «Арсенал»-ро ба додгоҳ мекашад

Намояндагони «Манчестер Сити» пас аз қарори ҳашт бошгоҳи англисӣ оиди муроҷиат ба Суди арбитражи варзишӣ (CAS) дар мавриди кори “шаҳриҳо” тафтишоти шахсӣ гузарониданд.

Ҳафтаи пешин муайян гардид, ки «Ливерпул», «Челси», «Манчестер Юнайтед», «Арсенал» ва боз 4 бошгоҳи дигар ба ширкати ҳуқуқӣ бо аризаи дастаҷамъона муроҷиат намуданд, то ки садди роҳи иштироки эҳтимолии “Манчестер Сити” дар мавсими ояндаи Лигаи Қаҳрамонҳо шаванд.

Чӣ тавре Mirror хабар медиҳад, роҳбарияти «шаҳриҳо» аз сарчашмаҳои худӣ маълумотҳое ба даст оварданд, ки тибқи онҳо ирсоли муроҷиатҳо ба CAS-ро «Арсенал» роҳбарӣ мекардааст. Дар сафи «канонирҳо» аз шарҳи чунин маълумотҳо даст кашидааст, аммо тибқи гуфтаҳои нашрияи номбурда бошгоҳи лондонӣ айбҳо нисбати хешро ба гардан нахоҳад гирифт, агар ки “маникуаниҳо” ҳам дар ин бора муроҷиати расмӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки иштироки «Манчестер Сити» дар мусобиқаҳои аврупоӣ дар давоми ду сол манъ карда шуд, пас аз оне, ки УЕФА бошгоҳи манчестериро дар қоидавайронкуниҳои ҷиддии фэйр-плейи молиявӣ айбдор дониста буд.