“Манчестер Сити” ба финали Ҷоми лигаи Англия роҳ ёфт
Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми лигаи Англия миёни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Нюкасл Юнайтед» ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод» дар шаҳри Манчестер баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи «шаҳриҳо» хотима ёфт. Довари асосии бозӣ Тони Ҳаррингтон аст.
Ҳисоб дар дақиқаи 7-ум аз ҷониби Умар Мармуш ба фоидаи «Манчестер Сити» кушода шуд.
Дар дақиқаи 29-ум Умар Мармуш ҳисобро дучанд намуд. Дар дақиқаи 33-юми вохӯрӣ Тейани Рейндерс голи сеюми «Манчестер Сити»-ро ба самар расонд.
Энтони Эланга ягона голи «Нюкасл Юнайтед»-ро дар дақиқаи 62-юм марбути номи хеш намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ «Манчестер Сити» дар сафар бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда буд. Дар он дидор Антуан Семенйо ва Райан Шерки муаллифи голҳо гардида буданд. Ҳамин тавр, шогирдони Гвардиола бо натиҷаи умумии 5 бар 1 ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Қаблан аввалин финалисти Ҷоми лигаи Англия дастаи «Арсенал» шуда буд, ки дар маҷмӯи ду бозӣ бар «Челси» бо ҳисоби 4 бар 2 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, «Манчестер Сити» ва «Арсенал» ба финали Ҷоми лигаи Англия баромаданд. Финали мусобиқа рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и шаҳри Лондон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби феълии Ҷоми лигаи Англия дастаи «Нюкасл Юнайтед» мебошад. Дар финали соли гузашта, «Нюкасл Юнайтед» бар «Ливерпул» ғалаба карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби ин ҷом гардида буд.
