“Манчестер Сити” бо ғалаба Лигаи Чемпионҳоро оғоз кард

“Манчестер Сити” бо ғалаба Лигаи Чемпионҳоро оғоз кард

Бозии даври 1-уми гурӯҳи «G»-и Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Манчестер Сити»-и Англия ва «Срвена Звезда» -и Сербия ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер дар ҳузури 50 204 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди дастпарварони Хосеп Гвардиола анҷом ёфт. Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии Жоау Пинейру идора карданд.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Манчестер Сити” – Хулиан Алварес ду маротиба ва Родри ба самар расониданд. Аз ҳайати “Срвена Звезда” голро Осман Букари ба ҳадаф расонид.

Дар гурӯҳи “G” ба ҷуз аз «Манчестер Сити» ва «Срвена Звезда», «Лейптсиг» ва «Янг Бойз» бозӣ мекунанд. Дар бозии дигари гурӯҳ дар варзишгоҳи “Ванкдорф” дастаҳои “Янг Бойз” ва “Лейптсиг” бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди “Лейптсиг” анҷом ёфт. Аввали моҳи октябр «Лейптсиг» бо «Манчестер Сити» ва «Срвена Звезда» бо «Янг Бойз» вомехӯранд.

Ёдовар мешавем, ки “Манчестер Сити” қаҳрамонии қаблӣ мусобиқа маҳсуб мешавад.